САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо

Декабрь 14, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво фаъолияташро пеш мебарад.

Ба иттилои масъулини IRS, маҳз бетафовутии як идда ронандагон ба тавсияҳо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиётие, ки тири пешбар надоранд ва ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.

Ҳамкории филиали ширкат бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи хубу сифати баланд аст. Бо шарофати чунин ҳамкорӣ солҳои охир ҳодисаҳои зери тарма мондану ба ҳалокат расидани мусофирону ронандагон қариб, ки рух намедиҳанд.

Баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе — Чанок пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад. Ба ин андеша наметавон розӣ шуд, зеро филиали ширкат дар баробари дигар уҳдадориҳо барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон низ масъулият дорад. Ширкат ба ҳеҷ ваҷҳ дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозат додан ба ҳаракати мошинҳо ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар намегузорад.

Бинобар ин, давоми 4 соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳолати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад.

Ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо азми сафар доранд, бояд:

— ҳолати техникии мошини худро ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то дар роҳ ба мушкилӣ дучор нашаванд;

— иқтидори аккумуляторро санҷанд;

— чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд;

— ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе — Чанок нисбат ба мавсими гармо фосилаи бештар гиранд;

— агар мошин ба мавсими сармо омода нест, беҳтар аст муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд;

— тавсияҳои кормандони IRS, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мавриди маҳдуд будани ҳаракати мошинҳо ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечуну чаро риоя намоянд.

Бо назардошти ин аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки бе омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд, ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон дучори мушкилӣ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.

АКС: Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид