Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард

Декабрь 23, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 23.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемпионати Осиё намояндагони 31 давлат иштирок намуданд ва шоҳмотбоз аз Тоҷикистон дар байни онҳо пирӯз гардид.

Ёдовар мешавем, ки Надежда Антонова чанде қабл ғолиби мусобиқаи «Ҷоми Пешвои миллат» низ гардида буд.

Чанде пеш шоҳмотбози дигари тоҷик Сӯҳроб Ҳамдамов низ дар Чемпионати Осиё байни шоҳмотбозони маъюб соҳиби  медали тилло гардид.

АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Декабрь 23, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд