Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъа ва Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба оилаи Дилдора Азимова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дода шуд.
Баргузор намудани чунин озмунҳои маърифатӣ ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар солиму пойдор нигоҳ доштани фазои солими оила, тарбияи фарзандони солеҳа, худшиносу худогоҳ, саҳми оилаҳои ҳунарманд дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани фарзандон, наврасону ҷавонон, нақши арзишманди оилаҳо дар ободонии маҳали зист ва ҳамчун оилаи намунавӣ баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.
Тоҷикистон бо ташаббусҳои беназир дар байни давлатҳои пешрафта мавқеи густурда касб намудааст. Аз ин рӯ мо бояд беш аз ҳар вақти дигар фаъолияти худро ба таҳкими волотарин арзишҳои ваҳдату истиқлолият, сулҳу субот, арзишҳои инсонию ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва гиромидошти оилаҳо равона намоем.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷойи якум ба Бахтиёр Ҳасанов аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба Мунис Бобоев аз ноҳияи Ашт ва Акмал Ҳакимов аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм ба Турахон Холов аз ноҳияи Шаҳринав, Умед Муҳаммадшерзодшоев аз шаҳри Хоруғ ва Ҳоҷӣ Шарипов аз ноҳияи Рашт дода шуд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» оилаи Нигинамо Набиева аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, оилаи Некруз Лайлиев аз ноҳияи Рӯшон ва оилаи Фозилҷон Носиров аз ноҳияи Шаҳринав сазовори ҷойи дуюм, оилаи Фариштамо Қодирова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, оилаи Ҳабибулло Рашидов аз шаҳри Бӯстон ва оилаи Ташриф Шарипов аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ҳамчунин ба беҳтарин ҳамсарон ва беҳтарин оилаҳои ҳунарманд барои иштироки фаъол Ифтихорнома супорида шуд.
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» аз ноҳияи Роштқалъа Хушомад Алидодов дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки «дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ нақши оила хеле бузург аст. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои мустаҳкамии оилаҳо заминаи хуб мебошад. Маҳз бо шарофати иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати соҳибистиқлоли мо рӯз ба рӯз зебою шукуфон ва сатҳи худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа боло рафта, оилаҳо дар фазои тинҷию оромӣ зиндагонӣ доранд. Мо дар ҷавоб ба дастгириҳои давлату Ҳукумат талош бар он менамоем, ки насли оқилу доно ва ватандӯст тарбия намоем, зеро эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад».
Хушомад Алидодов дар айни замон директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳама фарзандонаш варзишгар буда, унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро доранд.
«Шиори хонаводагии мо суханони Пешвои миллат мебошад: «Ақли солим дар ҷисми солим аст». Ман кӯшиш менамоям, ки фарзандонамро пайваста дар роҳи илму адаб тарбия намоям, то дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Хушбахтона, имрӯз фарзандони ман дар соҳаи варзиш ба Ватан хизмат доранд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки фарзанди калонии ман Шаҳриёр Алидодов ғолиби чандин мусобиқаи варзишӣ дар ҷумҳурӣ ва чемпиони дукаратаи Осиё аз намуди карате мебошад».
Хушомад Алидодов мегӯяд, ки «дар оилаҳо, хусусан дар оилаҳои ҷавон бояд ҳамеша меҳру муҳаббат бошад. Ҷойе, ки муҳаббат аст, он ҷо баракату садоқат аст, дар он ҷойе, ки муҳаббат нест, он ҷо ҷудоӣ ва низоъ аст. Аз ин рӯ хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша дар оилаҳои тоҷик муҳаббат ба оила, Ватан ва модар пойдор бошад».
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ баргузор гардиданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд






