ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омоданамоӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» машварати корӣ доир намуданд.
***
22 декабри соли 2010 дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ шуд.
***
22 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «20 соли равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
22 декабри соли 2014 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро муҳокима карданд.
***
22 декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.
***
22 декабри соли 2022 мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям».
***
22 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт бинои зебою замонавии Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-ро мавриди истифода қарор доданд.
22 ДЕКАБР:
Рӯзи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
***
Рӯзи модар дар Индонезия.
***
Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон.








Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






