ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед

Декабрь 16, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат 15-16 декабри соли равон бар асари вуруди сардиҳо ҳаво тағйир ёфта, барф борид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздиконашон аз сардиҳо ва ҳолатҳои фавқулода маслиҳатҳои муфид медиҳад.

— Барфу борон, яхбандӣ ва туман дар ҳар ҳолат пайомадҳои ногувор низ дошта метавонанд. Аз ин рӯ сокинон дар ҳама ҳолат бояд ба онҳо омода бошанд.

Ҳангоми дар кӯча будан бе кулоҳ, рӯймол ва дастпӯшак нагардед. Пойҳои худро гарм нигоҳ доред. Дар як ҷо дуру дароз ва бе ҳаракат наистед. Вақте шумо ҳис мекунед, ки хунук мехӯред, ҳаракат кунед дастҳоятонро ба ҳам молед ва пойҳоятонро ба ҳаракат дароред. Агар ҳамаи ин ба шумо барои гарм шудан ёрӣ нарасонад, кӯшиш кунед, ки зудтар ба манзилатон баргардед. Пас аз гарм шудани баданатон метавонед дубора коратонро идома диҳед. Ҳамчунин хӯрокҳои серғизо истеъмол намоед. Хусусан пеш аз он ки дар сардӣ берун меравед, бояд аввал ғизои хуб бихӯред, зеро бадани инсон барои муқовимат бо сардӣ ба энергия ниёз дорад. Агар шумо ин амалҳоро иҷро накунед, бемор шуданатон эҳтимол дорад.

Таъмини бехатарии сӯхтор

Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, бояд ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паноҳгоҳ аз сардӣ хизмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус сӯхтор нашаванд. Дар сурати сар задани сӯхтор фавран ба хадамоти оташнишонӣ ва наҷот бо рақами 101 ё рақами ягонаи наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ- 112 занг занед.

Ҳарорати гармии хонаро муътаъдил нигоҳ доред

Новобаста аз он ки соҳиби чӣ гуна хонаед ва хонаи шумо дорои кадом низоми гармидиҳӣ аст (неруи барқ, газ ё бухорӣ), бароятон зарур аст, ки захираи сӯзишворӣ дошта бошед. Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд. Утоқҳоро бо низоми гармидиҳии боэътимод таъмин кунед. Дар хона бояд чизҳои муҳимтарин -чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гӯгирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвои доруҳои гуногун ва бистарҳои гармро нигоҳ доред. Асбоби гармидиҳии худсохти барқӣ ва обиро истифода накунед! Ҳангоми вазиши сахти бод бе зарурат аз хона берун набароед. Дару тирезаҳоро накушоед, то ҳарорати ҳавои дохили хона тағйир наёбад, чун ба ҳолати аввала баргардонидани он вақти зиёд талаб мекунад.

Ҳангоми аз роҳҳои яхӣ гузаштан саросема нашавед ва бодиққат бошед. Пойафзоле пӯшед, ки лағжонак набошад. Дар рӯзҳои яхбандӣ бештар бачаҳоро эҳтиёт кунед, то дар роҳҳои лағжонаку хатарнок бозӣ накунанд. Ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо ба калонсолон кумак намудан зарур аст. Ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро истифода баранд. Аз шӯшаҳои овезони ях эҳтиёт кунед. Ҳаргиз аз зери девору дарахтоне, ки ин гуна шӯшаҳо овезон шудаанд, нагузаред.

Дар ёд дошта бошед, ки риояи қоидаҳои одитарини бехатарӣ шуморо аз ҳар гуна нохушиҳо эмин нигоҳ медорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 16, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд