Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд

Декабрь 27, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба 205 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Туҳфаҳоро, ки аз либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм, сарпӯшҳои мавсимӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо иборат буданд, ба тарбиятгирандагони ин муассиса Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав супориданд, ки ин иқдом сабаби хушҳолии бошандагон гардид.

Неъматулло Ҳикматуллозода зимни тақдими туҳфаҳо таъкид намуд, ки раванди таълиму тарбия ва фаъолияти мактаб-интернатҳо зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити буду бош ва таълими тарбиятгирандагони ин муассисаҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш менамоянд, ки пайрави содиқи Пешвои муаззаму ғамхори худ бошанд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, барои тарбиятгирандагони он тамоми инфрасохтори соҳавӣ дар самти таълиму тарбия муҳайё гардидааст. Аз 205 нафар таълимгирандагони ин муассиса 46 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ки машғулият барои онҳо бо ҷалби мураббияҳои соҳибтахасус гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид