Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ, ки аз 7 феврал то 14 феврали соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозиҳо варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои олимпии Осиё тилисм, рамз ва шиори бозиҳоро тасдиқ намуд, ки он чун «Афсонаҳои зимистона, муҳаббат дар маркази Осиё» («Dreams of Winter, Love among Asia») садо медиҳад.
Бояд гуфт, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






