«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст

Декабрь 6, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» оғоз гардид. Дар он Павилиони миллии Тоҷикистон кушода ва дар он беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзии ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Дар намоишгоҳ Павилиони миллии Тоҷикистон хеле сертамошобин аст.

Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» майдони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ду рӯз идома меёбад. Ҳамасола дар он беш аз 5000 ширкати байналмилалӣ аз давлатҳои гуногун иштирок мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо зиёда аз 100 давлати мухталифи ҷаҳон робитаи савдои хориҷӣ дорад. Дар баробари ин 500 намуд маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ватаниро ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содирот менамояд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд