Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат нисбат ба соли 2023 байни ду давлат далели мавҷудияти зарфияти кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб мебошад. Ин нуктаро 16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон таъкид намуданд.
Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «музокироту суҳбатҳои мо бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Масъуд Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ байни ду давлат изҳори ризоият менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем».
Таъкид шуд, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муколамаи намояндагони бахши хусусии ду давлат доир гардида, ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд. Ин нишони мавҷудияти имконоти фарох барои ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории мамлакатҳои мо мебошад.
Гуфта шуд, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони Тоҷикистон ва Эрон нақши хеле муҳим доранд. Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об, имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфияти зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст. Ҳамзамон дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид






