Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 январ ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Бонки Исломии Рушд вобаста ба баррасии Стратегияи 10-солаи бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи машваратӣ иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳамкории дуҷониба Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ лоиҳаҳои зиёдеро маблағгузорӣ намуда, дар пешбурди ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми назаррас гузоштааст.
Зимни суханронӣ лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси Маркази логистикӣ бо мақсади банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисоди «сабз», сохтмони иқтидори нави энергетикӣ, бахусус лоиҳаи Неругоҳи барқии обии «Роғун» ҳамчун ташаббуси бузурги минтақавӣ, таъсиси паркҳои технологӣ ва савдои электронӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ, барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ, амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ», тарҳрезӣ ва маблағгузории лоиҳаи «Гулистон-Кӯлоб» пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Ал Ҷассер мулоқот намуда, дархост кард, ки маблағгузории Гурӯҳи Бонки Исломии Рушдро ба лоиҳаҳои афзалиятноки гуфташуда ба таври назаррас зиёд намоянд.
Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои густариши ҳамкории минбаъда дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва зиёд намудани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






