БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА НИҲОЛ МЕШИНОНЕМ! Дар ҳудуди «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд

Январь 27, 2025 13:12

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки аз моҳи январ то моҳи март идома меёбад, бо иштироки ҳайати кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар талу теппаҳои мавзеи Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва мутобиқ ба нақшаи амали он, ки солҳои 2025-2027-ро дар бар мегирад, дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳол шинонида мешавад.

Дар доираи ин барнома бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чанд маротиба маъракаи васеи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар марҳилаи кӯтоҳ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» зиёда аз 5500 бех ниҳоли сояафкану ороишии санавбар, сарвиноз ва қарағоҷ шинонида шуда, ин иқдом идома дорад.

Бо инобати амалишавии ин барнома ва бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва дар ин замина коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми солҳои 2025-2027 шинонидани 450 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.

Пеш аз оғози  ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумита дар фазои гуворои табиати Ватан бо иштирокчиёни чорабинии сабзгардонӣ суҳбат намуда, иброз доштанд, ки Президенти Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии ин гуна тадбирҳо на танҳо зебо намудани муҳити зист, балки бедор кардани ҳисси масъулият дар байни мардум оид ба ҳифзи табиат мебошад.

Дар ин рӯз дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2025 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад