Дар Душанбе ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 33 соли фаъолият вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии мамлакат ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар оянда чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти мамлакат дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираю иқтидори молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии мамлакат, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо менамояд.
Дар ин рӯз фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамзамон кормандони мақомоти гумрук барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишони «Аълочии мақомоти гумрук», медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук»-и Ҷумҳурии Тоҷикстон ва «Ифтихорнома», «Раҳматнома», рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва дигар мукофот сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






