Дар Душанбе доир ба рушди инноватсияи рақамӣ ҳамоиш доир гардид

Январь 21, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 21.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе доир  ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 таҳти унвони «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иброз намуд, ки рушди инноватсияи рақамӣ ва технологияҳои муосир барои Тоҷикистон самти муҳими сиёсати миллӣ буда, дар оянда метавонад ба рушди устувор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Ҳамчунин иброз шуд, ки Тоҷикистон дар остонаи гузариши фарогири марбут ба истифодаи асосҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣ қарор дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зарурати таҳкими саривақтии заминаҳои ҳуқуқии рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ, ташаккули платформаи миллӣ, маълумот ва истифодаи технологияҳои пешрафта, ба монанди зеҳни сунъӣ таъкид гардид. Дар ин раванд аз ҷониби Агентӣ барои иҷрои иқдому роҳнамоиҳои Сарвари давлат вобаста ба рушд ва татбиқи муваффақонаи  инноватсияи рақамӣ, ки тақозои ҷаҳони муосир мебошад, нақшаи мукаммали муштарак таҳия мешавад. Ин нақша соҳаҳои калидии иқтисодӣ миллиро дар бар гирифта, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ самаранокии низоми маъмурӣ ва хизматрасониро баланд мебардорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 изҳор  намуданд, ки «барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои  тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

«Ҳамзамон бо ин дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ  ҷорӣ карда шавад»,- баён доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсин Ғафурзода изҳор дошт, ки тағйироти замон моро водор мекунад, ки усулҳои анъанавии кор бо технологияҳои муосирро мутобиқ намуда, аз самараи он баҳра барем. Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ на танҳо ворид намудани технологияи нав аст, балки қадами стратегӣ низ мебошад.

«Рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаби замон буда, дар ин самт аллакай тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Дар айни замон дар пойгоҳи Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон модулҳои иттилоотӣ, низоми тандурустии фаъолият дар самти системаҳои иттилоотӣ, бақайдгирӣ дар самти таваллуд ва фавт, бақайдгирии эмгузаронӣ, қабули ташхисҳо, бақайдгирии натиҷаҳои скрини гарданаки бачадон, сомонаҳои электронии шаҳрвандон, кумаки беруна, тибби хусусӣ, феҳристи электронии низоми равонасозии пернаталӣ аз феҳристи электронии захираҳои кадрӣ оғоз гардида, баъзе корҳо ба анҷом расонида мешаванд. Мо имрӯз бо истифода аз технологияҳои рақамӣ имконият дорем, ки системаи ягонаи иттилоотиро, ки ҳама муасссисаҳои тиббиро муттаҳид мекунад, бунёд намоем»,-гуфт Муҳсин Ғафурзода.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотию иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ шаванд».

Ҳамчунин муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён иттилоъ дод, ки ҷаҳонишавӣ ва ба равандҳои байналмилалӣ пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки иқтисодиёти мамлакат бояд дар ҳама сатҳ рушд ёбад. Имрӯз тамоми давлатҳо ба истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ  дар ҳама соҳаҳо рӯ овардаанд. Маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми идоракунии молияи давлатӣ сол аз сол мустаҳкам гардида, сиёсати он барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои стратегии мамлакат равона гардидааст.

Иброз гардид, ки ҷорӣ гардидани истифодаи технологияи рақамӣ дар низоми молияи давлатӣ, аз ҷумла истифодаи он дар қисмати банақшагирӣ ва иҷрои буҷет яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати молияи мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз соли 2015 низоми иттилооти идоракунии молияи давлатӣ дар тамоми  самтҳои буҷети давлатӣ  ва дар сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ шуруъ гардид. Бо татбиқи ин низом дар самти банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ якчанд натиҷаҳо ба даст омаданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба таъсири технологияи инноватсионӣ, рушди барномаҳои таълимии инноватсионӣ, марҳилаи ташаккули тибби инноватсионӣ, низоми рақамӣ, ояндаи фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо мубодилаи афкор намуданд.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуд
Соли 2024 дар Панҷакент 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд
Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид