Дар Душанбе паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар доираи сафари расмии ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ҳасанзода баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён заминаи устувор барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни давлатҳоро фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот паҳлуҳои калидии ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор дода, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро муҳокима намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор намуд, ки гардиши савдои хориҷии дуҷониба соли 2024 378 миллион доллар ва ҳаҷми сармоягузории мустақим ҳамагӣ 0,5 миллион долларро ташкил додааст. Вобаста ба ин таъкид шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо иқтидори мавҷудаи ду давлат хеле ночиз буда, зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои афзоиши савдои мутақобил ва ҷалби бештари сармоягузорӣ талаб менамоянд.
Самад Ҳасанзода омодагии ҷониби Эронро барои густариши ҳамкорӣ изҳор намуда, пешниҳод кард, ки бо таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва афзоиши сармоягузорӣ имконоти нав барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҳарду давлат фароҳам оварда шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо барои истифодаи пурраи имконияти мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






