Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид

Январь 15, 2025 16:56

ДУШАНБЕ, 15.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки ифтитоҳи Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ барои ташаккули марҳилаи нави иртиботи илмию фарҳангӣ пояи устувор мегузорад.

«Ифтитоҳи дубораи Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ барои густариши ҳамкории илмии дуҷониба паёми тоза мерасонад. Мо, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ умедворем, ки самти муҳими идомаи фаъолияти ин муассисаро таҳқиқи муштараки фарҳангии мо ташкил хоҳад дод. Зеро мо аз он қаноатманд ҳастем, ки дар пешниҳоди ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги ориёии Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада давлатҳои ба ҳамдигар дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон ҳамраъйӣ намуданд»,-иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.

Гуфта шуд, ки фаъолияти Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 оғоз гардида, қариб 20 сол идома ёфт. Давоми фаъолият ин муассиса дар нашри мероси классикӣ, таҳқиқоти адабӣ ва осори илмию маърифатии бузургони илму адаби тоҷик ва ҳамкории илмию таҳқиқотии муҳаққиқони ҳарду давлат нақши муносиб гузошт. Бо кӯшиши ин пажуҳишгоҳ маҷмуаи ашъори шоирони муосири тоҷик Низом Қосим, Фарзона, Гулрухсор, Сайдалӣ Маъмур, Доро Наҷот ва дигарон ба хати форсӣ нашр гардид. Ин муассисаи илмӣ дар густариш ва муаррифии мактаби луғатнависии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Яке аз чунин луғатномаҳо фарҳанги шоир ва фарҳангнигори тоҷик Доро Наҷот мебошад, ки соли 2013 дар ин муассиса нашр гардид. Ин муассиса дар таҳқиқи забоншиносӣ низ корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.

«Дар идомаи фаъолияти Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ боварӣ дорам, ки таҳқиқот доир ба мероси муштарак, тарғиби дастовардҳои адабию фарҳангӣ, таърихӣ ва мусиқии миллатҳо гузаронида мешавад»,- гуфт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ иброз намуд, ки «имрӯз бо ифтитоҳи ин пажуҳишгоҳ муносибатҳо ва равобити ҳамкории фарҳангии ду давлат бештар мегардад. Ин ҳама нишони он аст, ки муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Эрон боз ҳам мустаҳкамтар ва васеъ мегардад. Ин ҳамкории фарҳангӣ дар оянда барои ду миллат муваффақияти бештар меорад».

Инчунин гуфта шуд, ки дар ин пажуҳишгоҳ барои муаррифии фарҳангӣ ва таҳқиқи осори пурғановати нависандагону шоирони ду давлат дар оянда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом мерасанд.

Намояндаи Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ Ҳусейналӣ Раҳимӣ иброз намуд, ки «талош мекунем дар доираи ҳамкорӣ ҳамоишҳои фарҳангӣ ва омӯзишҳо дар бахши адабиёт ва забоншиносӣ доир намоем».

Номбурда афзуд, ки яке аз китобҳое, ки солҳои қабл дар ҳамин пажуҳишгоҳ чоп гардид, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» мебошад. Инчунин ин китоб ба хати форсӣ баргардон ва дар Эрон низ нашр гардидааст.

«Имрӯз дар тамоми дунё муҳимтарин мавзуъ ҳувияти забон аст. Таваҷҷуҳи Сарвари давлати тоҷикон ба ин мавзуъ, навиштани китоб дар ин хусус ва нишон додани хату ҳудуди забони тоҷикӣ кори хеле муҳим аст. Ин китобро мо нашр ва ба ҷомеаи Эрон пешниҳод намудем»,-гуфт Ҳусейналӣ Раҳимӣ.

Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ аз чор утоқи корӣ иборат буда, дар он китобҳои нависандагон ва шоирони ду давлат ва он китобҳое, ки ба хати форсӣ баргардон шудаанд, нигоҳдорӣ мешаванд.


Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2025 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд