Дар вилояти Суғд лабораторияҳо ва синфхонаҳои таълимии сохторҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд маросими ифтитоҳи як қатор лабораторияҳо ва синфхонаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.
Лабораторияҳо ва синфхонаҳои нав бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, шароити замонавиро барои омӯзиши амалии донишҷӯён ва такмили малакаҳои касбии онҳо фароҳам меоранд.
Зимни ифтитоҳ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдом татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад.
Иброз гардид, ки татбиқи ин ташаббусҳо бозгӯи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти таҳсилоти касбӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Бо кушодани чунин инфрасохтори таълимӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мақсад дорад на танҳо талаботи дохилӣ, балки меъёрҳои байналмилалиро низ барои таҳсилоти касбӣ ба таври васеъ татбиқ намояд.
Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом ба рушди як қатор соҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои калидӣ таъсири мусбат мерасонад. Лабораторияҳои нав ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки дониши назариявии худро дар шароити амалӣ санҷида, дар рушди малакаҳои худ фаъол бошанд.
Лабораторияҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳазе, ки мавриди истифода қарор гирифтанд, инҳо мебошанд:
• Лабораторияи химия, ки бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ таъмин буда, имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар самти илмҳои табиатшиносӣ таҷрибаҳои амалӣ гузаронанд.
• Лабораторияи физика, ки барои омӯзиши қонуниятҳои физикӣ ва таҳқиқоти илмӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
• Лабораторияи биология, ки барои омӯзиши сохтори организмҳои зинда ва гузаронидани таҳқиқоти биологӣ хизмат мекунад.
• Маркази тестӣ, ки барои санҷиши дониши донишҷӯён бо усулҳои муосири тестӣ ва арзёбии сифати таълим шароит фароҳам меорад.
• Синфхонаҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои хитойӣ ва англисӣ, ки бо василаҳои замонавии забономӯзӣ муҷаҳҳаз гардида, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки малакаҳои забондонии худро дар сатҳи баланд такмил диҳанд.
• Синфхонаҳои технологияҳои иттилоотӣ, ки бо компютерҳои замонавӣ ва нармафзорҳои муосир таъмин гардида, барои омӯзиши барномасозӣ, шабакасозӣ ва дигар малакаҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ истифода мешаванд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат дар самти таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос талош менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






