Дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-такси» ғолиби мусобиқаи футзал ба поси хотири Александр Кирсанов шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавии футзал, ки ба поси хотири собиқ бозингари маъруфи дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шуд, ба охир расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа байни ҳаваскорон ва собиқадорон дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дастаи «Рахш-Такси» байни ҳаваскорон дар финал бар дастаи «Соро компания-2» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм футзалбозони «Динамо» (ВКД) тими Шабакаҳои барқро мағлуб карданд (13:4).
Байни собиқадорон дастаи «Вавилон» дар вохӯрии финалӣ бар тими «Динамо» (ВКД) бо ҳисоби 8:2 ғалаба карда, соҳиби ҷом гардид. Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби собиқадорони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб шуд, ки аз тими «Лазиз» (7:3) пурқувваттар баромаданд.
Дар мусобиқаи ҳаваскорон беҳтарин ҳамлагар Наврӯз Саидов («Соро компания-2») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Умед Кузиев («Динамо» ВКД) дода шуд. Самад Шарифов («Рахш-Такси») беҳтарин бозингар эълон гардид.
Дар мусобиқаи собиқадорон ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Бахтиёр Азизов («Равшан») гардид. Беҳтарин ҳамлагар Алишер Улмасов («Вавилон») ва беҳтарин бозингари мусобиқа Хуршед Маҳмудов («Вавилон») дониста шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






