Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон меояд

Январь 30, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо афзалият ва роҳҳои эҳтимолии ҳамкории созандаро барои пешбурди ваколатҳои асосии ЮНИСЕФ табодули афкор намуданд. Онҳо аҳамияти таҳкими шарикиро барои ҳалли масъалаҳои мубраме, ки ба кӯдакон дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд, таъкид карданд.

Илова бар ин дар мулоқот  сафари  дарпешистодаи расмии директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон ва ҳамчунин иштироки мавсуф дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар Душанбе дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 баргузор мешавад. Ин чорабинии муҳим зарурати фаврии ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба дастрасии об, амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии ҷомеаро таъкид месозад.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Январь 30, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд