НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳодисаҳои нохуш аз бемасъулиятии кормандон ва норасоии мутахассисони соҳавӣ ба амал меоянд

Январь 28, 2025 12:05

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш- ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад. Ин матлабро имрӯз, 28 январ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 нисбат ба 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ барои роҳ додан ба қоидавайронкунӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда, ҷарима гардиданд.

«Дар ин замина соҳибкоронро зарур аст сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, масъулиятшинос бошанд ва талаботи қонунҳоро иҷро намоянд. Дар баробари ин бояд мутахассисони баландихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Дар ин ҳолат шумораи ҳодисаҳои нохуш коҳиш меёбад», — гуфт Санъат Раҳим

Ба иттилои сардори ин хадамот, дар самти сохтмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ таҷҳизоти махсус пешбинӣ шудааст, ки кормандони техникӣ бобати пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд онро риоя намоянд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе кормандон ин қоидаҳоро иҷро намекунанд. Ин яке аз сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ то соли 2027 аз ҷониби кормандони хадамот танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд