НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 дар таҳрири нав тасдиқ шуд ва тибқи муқаррароти ин қонун акнун ному насаби падари шаҳрвандон, ки солҳои пеш бо ғалати имлоӣ сабт гардида буданд, тибқи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ислоҳ гардида, аз нав сабт хоҳанд шуд. Бо ин мақсад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сахидод Раҳматуллозода ҳамсуҳбат гардид.
Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон иброз намуд, номи хуб ними ҳусн аст. Номгузорӣ ба тифли навзод яке аз анъанаҳои қадимтарини тамоми башарият буда, дар номҳо тамаддун, андешаю маниш ва пешаю ҳунари миллат инъикос ёфта, ҳамчун маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъият то ба имрӯз омада расидааст. Чун назари ҳар қавму миллат нисбат ба оламе, ки онҳоро иҳота намудааст, мухталиф мебошад, ин гуногунандешагӣ, бешубҳа, дар номгузорӣ низ акси худро ёфтааст.
Номгузорӣ ба одамон аз қадимулайём байни мардуми ориёӣ дорои ҷанбаҳои гуногуни маънавӣ, мазҳабӣ, эътиқодӣ, табиӣ, таърихӣ ва миллӣ буд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи номгузории маҳалҳои аҳолинишин ва дигар объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин номгузорӣ ба фарзанд ва гузаштан ба насаби миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварии пешбурди сиёсати давлатӣ дар бораи забон маҳсуб мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки мардуми тоҷик чун суннати ниёгон ва бо доштани фарҳанги бойи забонӣ ба фарзандон номҳои хушоянд ва зебоеро бо орзую умеди нек мегузоштанд. Онҳо имрӯз низ ин анъанаро идома дода, бо нияти нек ба фарзандон номи зебо мегузоранд, то онҳо лоиқи ин номи зебо гарданду бо он ба таври арзанда зиндагӣ кунанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корбурди ному насаби миллӣ фармудаанд: «Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имконияти забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб менамояд».
«Хушбахтона, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» аз 27 июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, ки он дар таҳрири нав бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 2 марти соли 2023 тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Акнун ҳар падару модар тибқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба фарзандон ном мегузорад», — изҳор намуд Сахидод Раҳматуллозода.
Таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад, ки он яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб шуда, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад. Ин масъала ҳамчун рукни арзишманд мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин санад дастури маънавии миллӣ ва падидаест аз даврони соҳибистиқлолии давлати мо, ки моро бо гузаштаи дурамон пайвастаю минбаъд мардуми моро бо ному насабҳои миллӣ ва асолати миллиямон ба оламиён муаррифӣ менамояд, ки ин бевосита суннату анъанаи деринаи халқи мо аст.
Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз ин феҳрист аллакай шаҳрвандони мамлакат ба хубӣ огоҳ мебошанд, ки он дорои номҳои беҳтарини тоҷикона буда, аз ду қисмат иборат аст. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаан. Бо мақсади дуруст навиштани номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ифода шудааст.
«Бинобар ин, акнун барои интихоби номҳои миллӣ тибқи меъёрҳои гуногун номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо ифодакунандаи далерию мардонагӣ мебошад), парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва монанди инҳо гирифта шуданд, ба феҳрист ворид карда нашуданд ва номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд. Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта, давоми таърих ба ихтисор дучор шуда, дар шакли ма, мат, мама, мад, мамад, маҳмад корбурд мешуданд, ба феҳрист дар шакли дуруст ва пурраашон ворид гардиданд: Мадкарим – Муҳаммадкарим, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ва ғайра», -гуфт ҳамсуҳбати мо.
Боиси ифтихор аст, ки минбаъд- баъди ба тасвиб расидани ин қарор шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи ин феҳрист ва талаботи ин қарор, инчунин бо пешниҳоди номҳои тозаэҷод ва тоҷикие, ки ба феҳрист ворид нагардидаанд, дар мувофиқа бо Комиссияи номгузории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи хушояндро интихоб менамоянд.
«Номҳои тозаэҷод ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набуда бо Комиссияи номгузории Кумитаи забон ва истилоҳот ҳатман мувофиқа карда мешаванд. Падару модарон бояд бештар аз номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз гузаштаи дуру осори безаволи мо сарчашма мегиранд, истифода намоянд. Зеро ба кӯдаки навзоди хонавода гузоштани номҳои Рустам, Фаридун, Баҳром, Сиёвуш, Манижа, Гурдофарид, Суҳроб, Луҳросп, Спитамен, Моҳнисо, Шаҳром, Шаҳноз, Гулноз, Маҳваш, Некбахт, Хушрӯз, Ҷамшед, Ҷаҳонмеҳр, Аҷамшер, Моҳчеҳра, Маҳлиқо, Фарангис, Моҳзода, Тавоно ва садҳо номҳои дигари соф тоҷикӣ имрӯзу фардо муаррифи миллат гардида, фарҳанги номгузории моро муайян менамоянд. Ба ин номҳо муҳри таърихии чандҳазорсола гузошта шудааст ва ҳеҷ қавме наметавонад онҳоро азони худ гӯяд, инҳо ҳамон зебономҳои некмаъно ва ҳушоҳангу гӯшнавозе ҳастанд, ки бар пояи суннатҳои номгузории гузаштагон тавассути шоҳасарҳои бузурги миллиамон то ин замон омада расидаанд»,- мегӯяд Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Бояд таъкид намуд, ки дар таблиғ ва амалисозии масъалаи номгузорӣ ба фарзандон тамоми кормандони Сабти асноди ҳолати шахрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар ин самт ба таври ҷиддӣ фаъолият менамоянд. Ин ҳама иқдом бевосита дар рушди масоили ному насабгузорӣ муҳим арзёбӣ мегарданд, зеро ному насаб муаррифи маънавиёт ва бузургии фарҳанги ҳар миллати соҳибфарҳанг мебошад. Ин неъмати маънавию анъанаи миллӣ барои мо дар даврони Истиқлоли давлатиамон насиб гардид ва мо онро бояд рушд диҳем.
Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он, инчунин танзими номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб шуда, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, ҳамчун рукни арзишманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлатамон қарор дорад.
Пешвои миллат барҳақ мегӯянд: «Номгузорӣ рукни муҳимми забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳангии миллат мебошад».
Ҳифзи ин рукни арзишманди забон имрӯз ифтихори тамоми миллати тоҷик аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»