«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд

Январь 31, 2025 11:53

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми арзишҳои миллӣ ва расму оинҳои ниёгон эҳё гардиданд. Аз ҷумла, соли 2018 номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид, ки бахшида ба он китоби «Олами гулдӯзии тоҷикон» ба нашр расид.

Китоб аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО ва Маркази иттилоотӣ ва шабакаи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Хадамоти мероси Корея ба нашр расидааст.

Дар китоб дар бораи санъати гулдӯзии чакан маълумот дода шуда, аз ҷумла таъкид шудааст, ки гулдӯзӣ як навъ санъати амалӣ — ороишии анъанавӣ буда, дар байни бисёр қавму халқҳои ҷаҳон бо хусусияти маҳаллию этникии худ роиҷ мебошад. Ин ҳунари нафиса дар фарҳанги тоҷикон таърихи қадимӣ дорад.

Тавре дар сарсухани китоб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин нигоштааст, дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луи Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, номинатсияи «Чакан — ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи мутобиқат ба 5 шарту талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қабул гардид.

«Ин иқдом дар масири ҳифзу арҷгузорӣ ва ҳамчунин муаррифии шоистаи мероси ниёгон, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад», — омадааст дар муқаддимаи китоб.

Инчунин дар китоб Директори кулли Маркази шабакаи байналмилалии иттилоотии мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ҷи Сон Ким изҳор намудааст, ки гулдӯзӣ ҳамчун мероси пурарзише, ки аз насл ба насл мегузарад, дар ташаккули ҳувияти мардум низ саҳм мегузорад. Ба ин маънӣ, ин китоб на танҳо дар бораи санъати гулдӯзии суннатии тоҷик маълумот медиҳад, балки ҳамчун василаи пайванди гузашта ва оянда низ хизмат мекунад.

Китоб фарогири пешгуфтору чор боб ва адабиёти мухтасар буда, дар мундариҷаи бобҳо таърихчаи санъати гулдӯзӣ, сабку усул ва технологияи гулдӯзиҳо дар Тоҷикистон, маҳсулоти гулдӯзишаванда ва рамзу маънии нақшҳо ҳамроҳ бо аксҳою тасвирҳо бозтоб шудаанд. Дар китоб таърих, услуб ва маънои рамзу нақшу нигори гулдӯзии чакан, ки таҷассумгари зебоӣ ва ғановати фарҳанги суннатии тоҷикон аст, баён шудааст.

Тавре муаллифи китоб Дилшод Раҳимӣ менависад, «ин ҳунари нафиса дар фарҳанги тоҷикон таърихи қадимӣ дошта, дунёи ботинии аҳли ҳунар ва дар маҷмуъ, донишу тасаввуроти суннатӣ, бовару эътиқод ва орзуву хостаҳои мардумро инъикос мекунад».

Гуфта шудааст, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриёти археологӣ аз қабрҳои қадимӣ пораҳои сару либос ва матоъҳои мунаққаш дарёфт кардаанд, ки бешубҳа, аз суннати беш аз якуним ҳазорсола будани гулдӯзиҳо дарак медиҳанд.

Гулдӯзиҳои ҳар минтақаи мамлакат вобаста ба сохтору композитсия, корбурди матоъ, риштаҳои ранга ва тасвиру нақшҳо дорои хусусияти хос мебошанд. Ин гуногунрангӣ бо таъсири омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию эътиқодӣ, географӣ ва табиӣ ба вуҷуд омадааст

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Январь 31, 2025 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ