«Россия Онлайн 2.0». Чӣ бояд кард, то дар Русия бе алоқаи мобилӣ намонед?

Январь 20, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои муштариёне, ки ба муддати дароз ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, опсияи навро фаъол намуд. Бастаи «Россия Онлайн 2.0» бо муҳлати амали 30 шабонарӯз 15 Гб трафики интернет ва 15 дақиқа зангҳоро ба дилхоҳ рақамҳои русиягӣ дар бар мегирад. Ин барои дар алоқа мондан бо наздикон дар давраи барасмиятдарории SIM-кортҳои русиягӣ имкон медиҳад. Арзиши баста – 55 сомонӣ.

Аз 1 январи соли 2025 дар Русия қоидаҳои нави гирифтани SIM-кортҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ амалӣ шуданд. Муштариён бояд РССШ гиранд, сабти баҳисобгирифтаро дар хизматрасониҳои давлатӣ ташкил намоянд ва тартиби мушаххаскуниро тариқи биометрия гузаранд. Танҳо пас аз анҷоми ин амалҳо онҳо метавонанд рақамҳои русиягиро ҳангоми омадан ба идораи оператори алоқа пайваст намоянд. Барои он ки муштариён дар ин давра бе алоқа бо хона намонанд, «МегаФон Тоҷикистон» ба онҳо опсияи нави «Россия Онлайн 2.0»-ро пешниҳод намуд.

Тавре маълум аст, дар роуминг танҳо SMS-ҳои воридотӣ ройгон ҳастанд, нархҳои хизматрасониҳои алоқа назар ба хизматрасониҳои маъмулӣ гаронтар мебошанд. Ҳамин тариқ, як дақиқа даъвати овозӣ 3 сомонӣ, 100 Кб интернет – 25 дирамро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ба муддати дароз қарор доштан дар Федератсияи Русия харидани SIM-кортҳои операторони русиягиро афзалтар медонанд. Бо назардошти қоидаҳои нави будубош дар Федератсияи Русия чунин имконият танҳо аз рӯи далели гузаштани тартиби мушаххаскунӣ пайдо мешавад, ки ин амал то як моҳ ва ҳатто бештар аз он идома меёбад.

«МегаФон Тоҷикистон» нисбат ба муштариёни худ ғамхорӣ зоҳир намуда, опсияи роумингии «Россия Онлайн 2.0»-ро таҳия кард, ки дар доираи он 15 дақиқа ва 15 Гб трафики интернет пешниҳод гардидааст. Пас, ин маънои онро дорад, ки муштариён бе алоқа намемонанд. Онҳо метавонанд озодона аз «МегаФон Life» ва дигар замимаҳои муфид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, аз ҷумла барои зангҳои ройгон ба хона истифода баранд. Як моҳи пурра муоишират кардан, ҳал намудани масъалаҳои корӣ ба таври онлайн ва истифодаи интернет барои ҷустуҷӯи маълумот дар бораи давлати иқомат.

Ғамхорӣ нисбат ба сокинони Тоҷикистон танҳо бо ин маҳдуд намегардад. Ҳангоми пайвасткунии опсияи «Россия Онлайн 2.0» ба муштарӣ промокод ворид мегардад, ки он бояд баъди тартиби бақайдгирӣ дар идораи «МегаФон Россия» пешниҳод карда шавад. Ин афзалияти нав медиҳад. Аввалини онҳо – бонус дар шакли 50 Гб трафики интернет ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи «МегаФон» мебошад. Онро метавон давоми моҳи оянда истифода бурд. Минбаъд ҳангоми сари вақт супоридани пардохти абонентӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ 10 Гб трафики интернети иловагӣ, инчунин бе     лимит барои шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва видеосервисҳои маъруф пешниҳод мегарданд. Маълум мешавад, ки «Россия Онлайн 2.0» на танҳо дар аввал муфид хоҳад буд, балки минбаъд низ дар интихоби шартҳои муносиб кумак мерасонад.

Опсияи «Россия Онлайн 2.0» дар ҳама тарофаҳо дастрас мебошад. Он ба таври автоматӣ ҳангоми убури марз фаъол мегардад, ягон амали махсус барои ин зарур нест. Арзиши баста ҳангоми бори нахуст бо телефон вориди интернет шудан ё анҷомёбии даъвати овозӣ аз ҷониби муштарӣ ситонида мешавад, яъне баъди бақайдгирӣ дар шабакаи «МегаФон Россия». Шарти ҳатмӣ – дар тавозуни телефон бояд дар ин вақт на камтар аз 58 сомонӣ бошад. Агар дар тавозун маблағи камтар аз 18 то 57 сомонӣ бошад, опсияи қаблан ба роҳ мондашудаи «Россия Онлайн» бо миқдори камтари трафики интернет – 5 Гб ба таври автоматӣ фаъол мегардад.

Хизматрасониҳоро метавон дар замимаи мобилии «МегаФон Life» идора кард, ки дар он ҳангоми зарурат опсияи «Россия Онлайн 2.0» –ро пайваст ва бақияи дақиқаҳо ва трафики интернети бастаро аз назар гузарондан мумкин аст.

«Россия Онлайн 2.0» – имконияти муфиди занг задан ва як моҳи пурра истифода бурдан аз интернети мобилӣ дар дигар мамлакат, новобаста аз амалишавии қоидаҳои нави хариди SIM-кортҳо дар Русия!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 20, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад