Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол мекунад

Январь 9, 2025 11:45

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 январи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» иттилоъ медиҳад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлоб бо ҳавопаймои АН-28 ҳафтае се маротиба –сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Кӯлоб соати 10:00 муқаррар гардидааст. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе 30 дақиқа ва рафту бозгашт 1 соатро ташкил медиҳад. Нархи чипта барои як тараф 300 сомонӣ, барои ҳар ду тараф 600 сомонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳоро фаъол намуд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2025 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди мубориза бар зидди малах баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
Ширкати «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В.»-и Чин дар вилояти Хатлон лоиҳаи истихроҷи нафту газро амалӣ менамояд
Кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе истеҳсол ва фурӯши машруботи ғайристандартиро ошкор намуданд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба татбиқи усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна мусоидат менамояд
Дар тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ насби POS-терминалҳои нав ба нақша гирифта шудааст
ҲУШДОР! Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро бояд риоя намоянд!
Лоиҳаи «Методика ва саволномаи таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия» мавриди муҳокима қарор гирифт
Дар қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаи Хумб – Ванҷ» сохтмони роҳ тибқи нақша идома дорад
ИСТИФОДАИ СИСТЕМАҲОИ ЗЕҲНӢ. Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад
Дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн пурзӯр мегардад
Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад