ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?

Январь 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2022 бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амал мекунад. Консепсия бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардонидани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди мамлакат муқаррар шудааст, таҳия гардидааст. Ҳамзамон бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш дода буданд, ки дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Вобаста ба соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ низ масъулинро муваззаф намуданд, ки корро бояд тавре ба роҳ монанд, ки солҳои наздик тамоми шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳиби касбу ҳунар гарданд. Дар робита ба  фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат бо шуғли пурмаҳсул мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин бо Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ суҳбат намуд. 

АМИТ «Ховар»: Бо назардошти талаботи бозори меҳнат Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ механизмҳои ҳамкорӣ бо бахши хусусиро чӣ гуна тақвият медиҳад?

Фарҳод Раҳимӣ:  Ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои ҳамкорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита маҳсуб мешавад. Бо мақсади омӯзиши бозор ва ҷалби таваҷҷуҳи корфармоён бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Омӯзиши эҳтиёҷи бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷ ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиш дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» доир гардид, зеро ин қонун асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои раванди ҳамкории низоми таҳсили касбиро дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат танзим менамояд. Зимни баргузории ҳамоиш самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Кумита аз давраи таъсис то имрӯз бо беш аз 15 ташкилоту муассисаи байналмилалӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамкорӣ намуда, бо як қисми онҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро низ зарур аст, то бо намояндагони асосии тиҷорат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории устувор барқарор намуда, рушди малакаҳои ба бозор мувофиқро барои қонеъ кардани талаботи бозори меҳнат ба барномаҳои таълимӣ ворид намуда, ҳамин тариқ, мувофиқати амалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилро таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»:  Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2024) ба масъулин, аз ҷумла ба Кумита супориш доданд, ки барномаҳои таълимии муассисаҳоро бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро бартараф ва самаранокии фаъолияти ин низоми таҳсилро баланд бардоранд. Вобаста ба ин супориш кадом корҳо анҷом дода шуданд?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар воқеъ, 1 сентябр дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ вобаста ба соҳиби касбу ҳунар намудан ва ба бозори меҳнат ворид намудани насли ҷавони мамлакат ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш доданд, ки барномаҳои таълимии муассисаҳоро бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти ин самтро бартараф ва самаранокии фаъолияти ин низоми таҳсилро баланд бардоранд. Тамоми масъалаҳои дар ин маврид баёнгардида, ки аввалан таҳлили кунунии вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буд ва дар суханронӣ мушкилоти мавҷуда, ба монанди таъмирталаб будани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, норасоии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, китобҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳо, воситаҳои аёнӣ ва дигар маводи таълим таъкид гардид, дар назди масъулини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифаҳои мушаххас доир ба ҳалли саривақтӣ ва босифати онҳо гузошта шуданд. Яке аз масъалаҳои асосии низоми таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ такмили нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба стандарти давлатии таҳсил, мустаҳкам намудани робитаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои такмили ихтисоси кормандони таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба дараҷаи инкишофи илм, техника ва истеҳсолот мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъулини Кумита аллакай корҳои зиёдро ба анҷом расонидаанд.

Соли 2024 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар таҳрири нав, Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардиданд, ки асоси заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Дар раванди идоракунии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ чӣ мушкилоти асосӣ вуҷуд доранд ва барои ҳалли онҳо кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Барои идоракунии босифати муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тавассути таъсиси Низоми иттилоотии идоракунии системаи Кумита (ИСУО) ва рақамикунонии фаъолият ва дар ин маврид васеъ истифода намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии тамоми маводи таълим (китобҳо, модулҳои таълимӣ, видеофилмҳои омӯзишӣ, маълумоти дигари электронии ёрирасон) корҳо оғоз гардида, ҳамчунин таъсиси шабакаи локалии Кумита ва тамоми зерсохторҳои он, фаъол гардонидани почтаҳои электронӣ, сомонаҳои интернетии Кумита ва тамоми муассисаҳои зерсохтории он, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи шаҳрвандон барои ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар ба роҳ монда мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш таъкид намуданд, ин мувофиқ ба талаботи рӯз омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон ва дар ин замина соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи дуру наздик ворид намудани онҳо мебошад. Бояд гӯем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад. Бо назардошти ин зарур аст, ки мо бояд дар тақдир, зиндагӣ ва фаъолияти ояндаи хонандагону донишҷӯён, дар маҷмуъ насли наврас бетараф набошем, онҳоро барои омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб гардидан роҳнамоӣ созем. Дар ин самт саҳми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун марказҳои омода намудани кадрҳои мутахассис зиёд аст. Албатта, новобаста аз дастовардҳои назаррас дар ин самти фаъолият ҳанӯз мушкилиҳо мавҷуданд, ба монанди номувофиқатии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат; норасоии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ; шароити хуб надоштани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва нокифоя будани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва саноат, ки барои рафъи онҳо аллакай тадбирҳо андешида шудаанд. Махсусан, вусъати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани литсейҳои касбию техникӣ ва коллеҷҳо аз ҷумлаи масъалаҳое аст, ки дар меҳвари фаъолияти мо қарор дорад. Кумита бо ин мақсад бо якчанд созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар шарикони рушд гуфтушунидҳо анҷом дода, зиёда аз 7 санади ҳамкорӣ таҳия кард, ки тасвиби онҳо ба тавсеаи ҳамкории муштарак ва ҳалли масоили гуфташуда мусоидат мекунад.

АМИТ «Ховар»:  Барои ҷалби ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кадом стратегияи таблиғотӣ истифода мешавад?

Фарҳод Раҳимӣ: Таваҷҷуҳ ба ояндаи неки ҷавонон ва ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани насли наврас дар меҳвари фаъолияти Кумита ва муассисаҳои зерсохтори он қарор дорад, зеро Пешвои миллат зимни ҳама вохӯрӣ ва суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки ҷавонони моро зарур аст, то ба омӯзиши касбу ҳунар машғул гардида, дар ҷомеа ҳамчун мутахассиси варзида мавқеи худро ёбанд, соҳиби обрӯ ва эҳтироми хосса гардида, ояндаи худ ва Тоҷикистонро боз ҳам дурахшонтар намоянд. Бо ин мақсад роҳбарияти Кумита ба масъалаи баргузории корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҳбарони литсею коллеҷҳо муваззаф шудаанд, ки бобати иҷрои нақшаи қабул ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани хатмкунандагон барои идомаи таҳсил тадбир андешида, намояндагонашонро ба ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои суҳбату вохӯриҳо бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосию умумӣ ва литсею гимназияҳои давлатию хусусӣ фиристанд. Албатта, мақсад ва муҳтавои вохӯриҳоро, пеш аз ҳама, тарғиб ба интихоби дурусти касб аз ҷониби наврасону ҷавонон, муҳиммияти соҳибкасб шудан, ҷалби бештари наврасону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст ба омӯзиши касбу ҳунар ташкил медиҳад. Ҳамзамон роликҳои тарғиботии муассисаҳо аз тариқи телевизиону шабакаҳои интернетӣ пахш шуда, дар мавриди фаъолияташон дар рӯзномаи соҳавии Кумита – «Ҷаҳони ҳунар», сомонаи Кумита ва саҳифаҳои расмии он дар Фейсбуку дигар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби тарғиботӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Коршиносон аз вазъи то як андоза бади биною иншооти муассисаҳои касбии ибтидоӣ ва миёна (литсею омӯзишгоҳҳои касбӣ), таҷҳизоту техника ва устодони солхӯрдаю аз донишҳои замона ноогоҳ шикоят мекунанд. Воқеан, вазъ чӣ гуна аст ва барои бартараф кардани ин камбудиҳо чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар воқеъ, мо аз мавҷудияти ин мушкилиҳо огоҳем ва барои ҳалли босамари онҳо пайваста тадбир меандешем. Бояд гӯям, ки дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии шарикони рушд ҷиҳати ташкили дурусти заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва сохтмону навсозии биноҳои таълимӣ маҷмуи нақшаи чорабиниҳо таҳия шудаанд. Дар назди Кумита лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ аз соли 2024 амал мекунад, ки ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсили касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсили касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» синфхона ва устохонаҳои таълимии 6 литсейи касбии техникӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои 6 касбу ихтисос таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардида, давоми солҳои 2025-2026 таъмири синфхона ва устохонаҳои таълимии 14 литсейи касбии техникӣ ва харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ барои 14 касбу ихтисос дар назар дошта шудааст. Кумита тасмим гирифтааст, ки дар самти рушди муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои навсозии бино ва синфхонаҳо, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир, ҷалби сармоягузории иловагӣ, ба кор қабул кардани кадрҳои ҷавон, навсозии барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани методикаҳои нави таълим, ифтитоҳи озмоишгоҳҳои наву муосир ва монанди инҳо таваҷҷуҳро боз ҳам бештар намояд.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи корӣ бинои муассисаҳое, ки солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, ҳоло фарсуда шудаанд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд марҳила ба марҳила навсозӣ гардида, бо муосиртарин таҷҳизот таъмин мешаванд. Ҳоло бо маблағгузории буҷетӣ сохтмони 8 литсейи касбии техникӣ (комплекс) дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ, Фархор, Муъминобод, Ванҷ, Балҷувон, Рашт ва Деваштич оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамчунин соли 2024 биноҳои таълимӣ ва толорҳои варзишию маҷлисгоҳи литсейҳои касбию техникии шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҳамадонӣ ва Фархор пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Инчунин Кумита талош дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд соли 2025 сохтмони бинои Литсейи касбии техникии ноҳияҳои Лахш, Ишкошим ва Шамсиддини Шоҳинро шуруъ намояд.

АМИТ «Ховар»: Масъалаи дигар- ин бозоргир будани хатмкунандагони ин муассисаҳо аст. То куҷо онҳо бо касби барои бозори меҳнати имрӯза зарурӣ омода ва бо ҷойи кор таъмин мешаванд? Яъне Шумо назорат мекунед, ки хатмкунандаҳо барои кор ба куҷо мераванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Мо дар ин масъала тамоми тадбирҳоро меандешем. Масалан, барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ зич буда, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии ин корхона дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Данғара, Деваштич, Рашт, Тоҷикобод, Дӯстӣ ва Ҷайҳун аз рӯйи касбҳои тракторчӣ, механизатору комбайнёрон ва устоҳои таъмиргари техникаҳои кишоварзӣ даврҳои кӯтоҳмуддат ва таҷрибаомӯзиҳо баргузор карда мешаванд. Ҳамчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи Кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо мутахассисони баландихтисос бо 562 ташкилоту муассиса, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Ҳамин тавр, Кумита тавассути якчанд механизм ва барномаҳои давлатӣ барои мутобиқ намудани малакаҳои хатмкунандагон ба талаботи бозори меҳнат кӯшиш менамояд ва инчунин раванди таъмин бо ҷойи корро тавассути муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд. Дар солҳои охир бештар аз 35%-и хатмкунандагон дар соҳаҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ба кор таъмин гардиданд. Қисми боқимондаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои давом додани таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳавасманд мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Дар мавриди бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбию миёна ягон омор дар даст доред?

Фарҳод Раҳимӣ: Соли 2024 раисони комиссияи аттестатсияи хатмкунандагон бо пешниҳоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси фармоиши раиси Кумита аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа ва намояндагони корхонаҳои заминавӣ тасдиқ гардиданд. Раванди аттестатсияи хатми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида амалӣ шудааст. Бо фармоишҳои директорони литсейҳои касбии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳазору 276 хонанда ба аттестатсияи давлатии хатм роҳ ёфта, 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Бештари хонандагон аз рӯи ихтисосҳои «Дӯзанда» (1295 нафар), «Системаи компютерӣ ва Интернет технология» (886 нафар), «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ» (878 нафар), «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» (877 нафар), «Ҳисобдор бо донистани компютер» (753 нафар), «Тракторчӣ — мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ» (602 нафар), «Кафшергари газию барқӣ» (505 нафар) ва «Кафшергари барқӣ» (487 нафар) литсейҳои касбии техникиро соли 2024 хатм намудаанд. Аз шумораи умумии хатмкардагон 2235 нафар (28,0%) бо ҷойи кор таъмин шуда, 2018 нафар (25,0%) барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд. Дар асоси маълумоти аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳодшуда 1471 нафар (18,0%) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, 2349 (29,0 %) нафар бо ҷойи кор таъмин нашудаанд.

АМИТ «Ховар»: Бо корхонаҳо ҳамкорӣ доред? Муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ равон мекунед, то онҳо баъди хатм дар он корхонаи саноатӣ ё соҳаи дигар ба кор қабул шаванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Тавре ки гуфтам, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи Кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ бо 562 ташкилоту муассиса, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд. Дар доираи ин созишномаҳо ҳама муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат бо корхонаю ташкилоти соҳавӣ ҳамкорӣ доранд. Дар асоси ин шартномаҳо хонандагону донишҷӯён дар доираи нақшаҳои таълимӣ ба таҷрибаомӯзӣ ва баъди хатми муассиса ба кор дар ин ташкилот ҷалб карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ин маъракаи сиёсӣ имкони мусоид барои санҷиши масъулиятшиносии ҷавонон аст
ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?
САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид
Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад