Соли 2024 дар Панҷакент 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент барои зиёд намудани гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар онҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳоло дар шаҳр дар 110 гармхонаи доимӣ дар 33,1 ҳазор метри мураббаъ лимӯ, помидор, бодиринг, кабудӣ ва гул парвариш мешавад.
Соли 2024 бо саҳми соҳибкорон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд.
Дар гармхона дар масоҳати як гектар, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст, баъди чил рӯзи шинонидани помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ намуданд. То ин муддат беш аз ҳафт тонна бодиринг ва се тонна помидорро ба харидорон пешкаш намудаанд.
Ҳоло ҳосил дар гармхонаҳои замонавӣ ва гармхонаҳои маъмулӣ фаровон аст. Ин маҳсулот ҳамарӯза ба бозор бароварда шуда, баробари ин барои кишти дубораи сабзавот кӯчат омода карда мешавад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорону кишоварзон имсол низ бунёди гармхонаҳои тиҷоратӣ ва оилавӣ идома меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






