Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2023 — 10 намоиш зиёд аст. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 26 намоиш ва дар театрҳои шаҳру ноҳияҳо 37 намоиш ба тамошобинон пешкаш гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 дар радифи таҳлили дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, соҳаи фарҳанг низ таҳлил гардида, намуда, таъкид шуд, ки иқдоми дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшид. Дар робита ба ин бори дигар ҳастии миллат будани фарҳанг таъкид таъкид гардид.
Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои театрӣ-консертӣ сафарҳои эҷодии ҳунариро дар 3 вилоят ва 55 шаҳру ноҳияҳо ташкил намуданд, ки он аз 12 намоишҳои театрӣ ва 25 барномаҳои консертӣ иборат буд. Соли 2024 аз ҷониби Шӯрои бадеии вазорат 95 матну асарҳои драмавӣ, мусиқӣ ва рассомӣ харидорӣ карда шуд. Сирки давлатии Тоҷикистон 52 намоишро пешниҳоди тамошобинон гардонид.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 театри халқӣ ва 18 театрҳои касбӣ ба қайд гирифта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






