Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори навтаъйини Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Уралбек Шаршиев дар Тошканд баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки Директори навтаъйини Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай иброз дошт, ки минбаъд якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба муқобили ҳама гуна амалҳои номатлуб мубориза бурда, дар таъмини суботу амният дар минтақа саҳм мегузоранд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба чорабиниҳое, ки соли 2025 баргузор мешаванд, изҳори назар карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






