ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 январ, чоршанбе, 29-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 29, 2025 08:00

29 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф»  баррасӣ гардид.

***

29 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуданд.

***

29 январи соли 2016 Воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо вируси Зика гурӯҳ ташкил дод.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар муҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе аввалин намоиши корҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

29 январи соли 2020 дар шаҳри Литсани музофоти Юнанни давлати Чин дар  Кинофестивали  7-уми ҷаҳонии филмҳои хурд  (7th Asian Micro Film Art Festival) филми кӯтоҳи тоҷикии «Хаёлфурӯш» дар байни филмҳои 20 мамлакати ҷаҳон соҳиби ҷоизаи «Golden Begonia Award» (Бегонияи тиллоӣ) гардид.

29 ЯНВАР:

 Дар Молдова – Рӯзи кормандони прокуратура.

Январь 29, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст