Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ корҳоро дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингии он, электрофикатсияи деҳот, бунёди хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва солимгардонии вазъи молиявии соҳа ба маблағи умумии 1,7 миллиард доллар амалӣ намуд. Ин лоиҳаҳои энергетикӣ бо мақсади таъмини устувории низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ татбиқ шудаанд. Ин нукта дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, баён гардид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳама имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз» мунтазам чораҷӯйӣ менамояд. Ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроққум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне, иқтидори мавҷудаи энергетикии Тоҷикистон дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегардад.
Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад. Имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама сарчашмаҳо барои сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ мекунад. Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






