Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд

Февраль 4, 2025 13:18

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кувайт вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Кувайт Халифа Абдулло Доҳӣ Ал-Аҷил Ал-Аскар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғоз Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувайт муҳтарам Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба ҳамкории дуҷониба такони нав бахшиданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин сайёҳӣ пешниҳодоти мушаххас манзур гардид.

Аз Вазири тиҷорат ва саноати Кувайт даъват шуд, ки дар Форуми байналмилалии заргарӣ 24-26 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе иштирок намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими равобити иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2025 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад