Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти рентгенӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дарёфт ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон таҷҳизоти рентгенӣ дастрас гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таҷҳизоти рентгенӣ аз ҷониби давлати Ҷопон тақдим гардид, ки ба дарёфти саривақтии бемориҳо мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар натиҷаи талошҳои дастҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ истифода бурда мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






