Бо намояндагони вазорату идораҳои Италия, Сан-Марино, Малта ва Уругвай таҳкими ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷриба баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар Биржаи байналмилалии сайёҳӣ (Borsa Internazionale del Turismo – 2025, Rho Fiera Milano), ки 9-11 феврали соли 2025 дар шаҳри Милани Италия баргузор гардид, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ширкатҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ аз Италия ва дигар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Кумитаи сайёҳӣ ва фарҳанги Сан-Марино, Малта, Уругвай ва шабакаи ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои MTM Travel & Events, Sunlux Viaggi ва Ferula Viaggi масъалаҳои муҳим вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда донишҷӯёнро аз рӯйи равия ва самтҳои дахлдор ба таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба ҷалб намоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






