Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд

Февраль 27, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева масъалаи тайёрии  ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки академия бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи  якчанд лоиҳа ҳамкории гуногунҷабҳа дорад. Дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти марказ олимони Академияи миллии илмҳо имкон пайдо менамоянд, ки дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вобаста ба баргузор намудани конфронс ва симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ байни олимони академияю марказ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ба мувофиқа омаданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид