Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимӣ ба истифода дода шуд

Февраль 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимии «Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ», ки дар доираи лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ навсозӣ гардид, ба истифода дода шуд.

Озмоишгоҳ дар масоҳати беш аз 1500 метри мураббаъ сохта шуда, ҳамчун пойгоҳи илмию таълимӣ дар тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди илмӣ-педагогии соҳаи об нақши муассир дорад. Дар озмоишгоҳ барои рушди корҳои таълимӣ-методӣ, аз ҷумла устувор намудани донишҳои назариявӣ, амалӣ, малакаю маҳоратомӯзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрон, докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён имкон доранд такмилдиҳии техника ва технологияҳои обёрӣ, ҳисоббарориҳои гидравликии каналҳои обёрӣ, омӯзиши тағйирёбии динамикаи ҷараён дар шароити маҷрои кушод ва қубурҳои фишорӣ ва масъалаҳои талафи об дар системаҳои обёриро пурра мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Ҳамзамон дар ин самт рисолаҳое таълиф намоянд, ки ба пешрафти соҳа мусоидат намоянд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки  натиҷаҳои таҳлили «Консепсияи дастгирии рушди маълумоти олӣ барои тайёр намудани мутахассисони хоҷагии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030» нишон медиҳад, ки 221 нафар дар соҳаи илму маориф марбут ба соҳаи об фаъолият дошта, танҳо 68 нафар ё 31 фоизи онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд. Ҳол он ки тибқи стратегия соҳаи хоҷагии об дар айни замон ба беш аз 150 мутахассиси илмӣ эҳтиёҷ дорад.

Бояд гуфт, ки то охири соли 2025 талабот ба мутахассиони дорои маълумоти олии соҳаи об то 36 фоиз ва соли 2030 қариб 90 фоиз афзоиш меёбад. Ҳамин тариқ, тибқи консепсияи таҳияшуда дар доираи лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи марказӣ муайян карда шуд, ки факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои пешбари ҷумҳурӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи об мебошад.

Илова бар ин озмоишгоҳи «Гидравликаи иншоот» дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ягона ва беназир буда, дорои озмоишгоҳи соҳавии илмӣ–таҳқиқотӣ ва таълимӣ мебошад, ки дар шароити хуб барои иҷрои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳӣ шароит фароҳам меоварад. Озмоишгоҳ ба устувор намудани донишҳои назариявӣ, амалӣ, малака ва маҳоратомӯзии донишҷӯёну унвонҷӯён мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

 

 

Февраль 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад