Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Февраль 21, 2025 17:41

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли толор расонид.

Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо саъю талош ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба сипари боэътимоди давлат мубаддал гардидаанд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Музаффар Раҳимзода ба як зумра намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаю медалҳои ҷашнӣ тақдим шуданд.

Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт Озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» баргузор гардид. Барои саҳми муносиб дар инкишофи идеяҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, тақвияти корҳо дар самти робита бо ҷомеа, муборизаи муташаккилона бо ҷинояткорӣ ва иштироки фаъолона дар ин озмун як гурӯҳ нозирони минтақавӣ бо Диплом, ҷоиза ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 21, 2025 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад