Дар Душанбе таҳияи «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи дастгирии техникӣ ва молиявӣ барои таҳияи «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ин росто Ҳукумати Тоҷикистон Бонки Осиёии рушдро яке аз шарикони боэътимод дониста, нақши онро дар татбиқи афзалияти рушди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳаҷми лоиҳаҳои амалкунандаи он дар мамлакат ҳоло 947 миллион долларро ташкил медиҳад.
Завқӣ Завқизода бо назардошти саҳми кишварҳои дигари сармоягузор, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ аз Бонки Осиёии рушд даъват намуд, ки ба маблағгузории Неругоҳи барқии обии «Роғун» ҳамроҳ шуда, тасдиқи 500 миллион долларро ҳарчи зудтар анҷом диҳад.
Ҳамзамон аз Бонки Осиёии рушд хоҳиш карда шуд, ки дар таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030» дастгирии техникӣ ва молиявӣ расонад. Ҳадафи ин барномаҳо танзими устувори рушди иқтисодӣ ва тақвияти равобити тиҷоратӣ мебошад.
Дар посух ба пешниҳодҳои Тоҷикистон Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд изҳор дошт, ки ин дархосту пешниҳодҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки натиҷаҳои ноилшуда барои рушди устувори давлат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






