Дар мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуданд

Февраль 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи муқарароти Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бархе хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсил ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода иттилоъ дод.

Тавре Илёс Идрисзода баён дошт, соли 2024 мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ҷараёни иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Истиқлол, Ваҳдат, Кӯлоб, Исфара, Панҷакент, Шаҳристон, Варзоб, Фирдавсӣ, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалолидини Балхӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2022-2024 мавриди санҷиш қарор дода шуд.

«Ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, нигоҳ доштани ҷойи холӣ, дастурамалҳои мансабӣ ва пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ошкор карда шуд»,-иброз намуд Директори агентӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда муқаррароти Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман риоя нашуда, бархе хизматчиёни давлатии ин мақомот дар 60 ҳолат ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсил ҷавобгӯ нестанд.

«Аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор барои бартараф намудани камбудиҳо санадҳои санҷишӣ ирсол карда шуд, ки қисми зиёди камбудиҳо бартараф карда шуданд. Фаъолият дар ин самт идома дошта, ҷараёни минбаъдаи бартарафсозии камбудиҳо таҳти назорат қарор дорад», — изҳор дошт Илёс Идрисзода

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад