Киҳо бояд дар моҳи Рамазон рӯза нагиранд? Ба ин савол Раиси Шурои уламо посух гуфт

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 марти соли равон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Яке аз унсурҳои асосии моҳи шарифи Рамазон гирифтани рӯза аст, ки он рукни муҳими дини мубини Ислом ба шумор меравад. Вале бояд гуфт, ки муқаррароти шариати исломӣ гирифтани рӯза дар моҳи Рамазонро на барои ҳама тавсия медиҳад. Чунончӣ, дини ислом барои як зумра инсонҳо вобаста ба ҳолати саломатӣ ва иҷтимоию равониашон дар гирифтани рӯза сабукиҳо муайян намудааст. Вобаста ба ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суҳбат намуд.
Ба иттилои муфтӣ, рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст.
«Аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст»,-мегӯяд ӯ.
Муфтӣ изҳор медорад, ки гурӯҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ намоянд, мусофирон мебошанд. Тибқи қарори Шурои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар менамояд ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бояд бо назардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.
«Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд»,-иброз медорад Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Дигар ҳолате, ки тибқи талаботи шариат хӯрдани рӯза ҷоиз мебошад, ин ташнагӣ ё гуруснагие аст, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро ба миён меорад.
«Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани ҷуброн (фидя) (тибқи қарори Шурои уламо 16 сомонӣ барои як рӯз) аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани ҷуброн фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.
Аксари донишмандони аҳли суннат ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки барои нафарони машғули амали пурмашаққат, аз қабили сохтмончиён, даравгарон, нонпазон, оҳангарон ва коргарони конҳои маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос менамоянд, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ин шахсон дар вақти муносиб рӯзаро қазо медоранд»,-тазаккур дод Раиси Шурои уламо.
Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба фитрати инсон созгор буда, ҳама ҷанбаҳои зиндагии ӯро ба мадди назар гирифтаанд ва дар анҷом додани ибодатҳо барои ӯ осонгириҳо фароҳам овардаанд, аз ин рӯ мусулмони маъзур (узрдошта) набояд ба ҷони худ ҷабр кунад. Зеро Худованд дар ояти 195-уми сураи «Бақара» мефармояд: «Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад».
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки далелҳое, ки дар боло гуфта шуданд ва ба хӯрдани рӯза сабаб мегарданд, дар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд.
Ба андешаи Раиси Шурои уламои Маркази исломӣ, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор дар байни ҷомеа. «Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Муфтӣ мегӯяд, ки яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон мебошад. Раиси Шурои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идома ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ишора намуда, иброз дошт, ки «Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом (с) фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».
«Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхорию меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардию олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд»,-афзуд дар охири суҳбат Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»