Дар Панҷакент вобаста ба истифодаи босамари замин ҷаласа баргузор шуд

Февраль 22, 2025 11:21

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, масъулони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Сулаймон Зиёзода зимни ташреҳи вазифаҳое, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи босамари замин ва ба ин васила афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён доштанд, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нишондиҳандаҳои истеҳсоли ғалла, сабзавот, картошка, полезиҳо, меваю сабзавот, ширу гӯшт, тухм нисбат ба ҳар нафар сокини шаҳр дар муқоиса бо меъёри муайяншудаи истеъмоли солона ҷалб намуд.

Инчунин вобаста ба ҳосилнокии зироат, ҳолати истифодаи заминҳои кишт, риояи қоидаҳои агротехникӣ дар парвариши ғалла, боғу ток, вусъат додани маъракаи ниҳолшинонӣ, ба ҷои боғу токзори кӯҳна бунёд намудани боғу токзори интенсивӣ, бо оби полезӣ беҳтар таъмин намудани заминҳои кишт ва дар маҷмуъ маданияти кишоварзӣ сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки истеҳсоли картошка ва шолӣ дар маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳр ҷойгоҳи хосса дошта, бо супориши Ҳукумати мамлакат истеҳсоли онҳо, хосса картошка бояд зиёд карда шавад. Дастур дода шуд, ки дар 70 фоизи заминҳои дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барои кишти картошка пешбинишуда бояд моҳҳои феврал ва март кишти барвақтии ин зироат, ки дар шароити ҳудуди ҳамвории шаҳр ҳосили хуб медиҳад, гузаронида шавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи ба як маҷро гирифтани дарёи Зарафшон, баҳисобгирии саҳеҳи заминҳои кишт, ташкили хоҷагӣ оид ба истеҳсоли тухмии картошка, такмили қонун оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, норасоии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ масъалагузорӣ шуда, ба саволу дархости иштирокчиён посух дода шуд.

Ҳамчунин ҳайати ҳукумат пеш аз ҷаласа дар шафати шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ ва Рӯдакӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, бо вазъи сарбанди канали Марғедар, пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон дар ин мавзеъ шинос шуд.

Сулаймон Зиёзода бо захираи мева дар сардхонаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Лоиқ Шералӣ, захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Халифа Ҳасан шинос шуда, ба ин иқдоми онҳо ва ба истеҳсол ва захираи фаровони пиёз дар анборҳои кишоварзони деҳаи Сӯҷина баҳои баланд дод.

Ҳамчунин Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти фермаи чорводории соҳибкор Урунбек Қурбонов ва бунёди токзори нави хавозавӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шинос шуда, ба истифодаи заминҳои кишт, ҳолати токзор, омода намудани заминҳо ба кишти картошкаи барвақтӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 22, 2025 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд