Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати робита бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи маҳал ва даъвати аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода вобаста ба амалӣ намудани нақшаю барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, ибрози назар намуд.
«Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин ҳуҷҷат барои рушди ҷумҳурӣ ва таъмини субот буда, ин санад барои ҳар шаҳрванди мамлакат зарурати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо мардум барои иҷрои нақшаҳои давлатӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тақозо мекунад»,-изҳор дошт Иброҳим Мирзозода.
Сокинони шаҳр даъват шуданд, ки ба ислоҳи камбудиҳо, иҷрои қонунҳо ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои давлатӣ диққати аввалиндараҷа дода, барои амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди иқтисод, тартиботи ҷамъиятӣ пешгирии омилҳои номатлуб, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва иштирок дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ саҳм гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд






