Дар Тоҷикистон ҷаласаи XXIII Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ доир мешавад

Февраль 11, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIII Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Мо аллакай корбариро дар ин самт оғоз намудем. Мактубҳои даъватӣ ба роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ирсол гардида, баргузории ҷаласаи аввалин охири моҳи феврал дар назар дошта шудааст»,-изҳор дошт Ҳайдар Раҷабов.

Дар ҷаласа якчанд масъала, аз ҷумла рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дастгирии соҳибкорӣ, амалӣ намудани ташаббусҳои муштарак барои тақвияти тиҷорат ва сармоягузориҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабри соли 2024 зимни баргузории ҷаласаи XXII Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсати Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад