ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ). Дар самти таълими он чӣ мушкилӣ ҷой дорад?
ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Надоштани синфхонаҳои технология (таълими меҳнат) яке аз мушкилоти баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба шумор рафта, тақозо мекунад, ки дар ҳар муассиса хонандагон ба ду зергурӯҳ ҷудо шаванд. Зеро технологияи барномаи таълимии писарона ва духтарона аз якдигар фарқ мекунад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чӣ тадбир менадешад? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Вазири маориф ва илм посух дод.
«Дар ҳама он муассисаҳои наве, ки ба истифода дода мешаванд, таълими меҳнат ду зергурӯҳ дорад, яъне духтарона ва писарона. Инчунин дар тамоми он муассисаҳое, ки дар оянда сохта, ба истифода дода мешаванд, дар онҳо низ чунин синфхонаҳо таъсис дода мешаванд», -гуфт Вазири маориф ва илм.
Бояд таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи соҳибкасб шудани ҷавонон ва доштани шуғли пурмаҳсул ба масъулин дастуру супориш медиҳанд ва будани ин фан ва шароити мусоид фаро овардан дар ин самт яке аз роҳҳои соҳибкасб намудани насли наврас ҳисобида мешавад.
Тибқи муроҷиати баъзе омӯзгорон, чунин мушкилӣ асосан дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҷой дорад. Тавре аз гуфтаи онҳо бармеояд, таълим додани духтарону писарон дар як гурӯҳ барои омӯзгорон мушкилӣ эҷод мекунад. Зеро фанни технология дар тафаккури хонандагон донишҳои политехникиро ташаккул дода, онҳоро бо техникаи нав, технологияҳои муосири коркарди масолеҳ шинос менамояд. Дар раванди омӯзиши ин фан хонандагон касби ояндаи худро бошуурона интихоб намуда, бо кори истеҳсолӣ шинос мешаванд.
Дар ин дарс духтарон бояд қобилияти эҷодкорӣ, эҳсоси баланди зебоипарастӣ, малакаю маҳорат ва завқи баланд дошта бошанд, технологияи дӯхтани либосҳои занона, кашидани нақша, сохтани қолаб, хосиятҳои матоъро донанд ва доир ба мошинаи дарздӯзӣ маълумоти пурра дошта бошанд.
Вазири маориф ва илми мамлакат инчунин иброз намуд, ки дар ин самт кор бурда, барои ҳалли ин мушкилӣ тадбир меандешанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






