КИШТИ БАҲОРӢ. Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо омодагии деҳқонони шаҳри Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Ҳисор ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо фаъолияти кишоварзон ва омодагии онҳо ба мавсими нави кишт шинос гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, ҳайати мазкур бо сохтори кишти баҳорӣ, ҷобаҷогузории зироат, истифодаи самараноки замин аз наздик шинос шуда, оид ба баланд бардоштани ҳосили зироат ва бартараф намудани мушкилоти соҳа ба масъулин тавсияҳо дод.
Ҳайат ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов», пойгоҳи обкашии «Чоряккорон-2» ва Корхонаи воҳиди таълимӣ таҷрибавии «Ҳисор»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз пойгоҳи обкашии «Чоряккорон-2» 560 гектар майдонҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор ва 80 гектар заминҳои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ обёрӣ мешаванд.
Дар шаҳри Ҳисор 10 пойгоҳи обкашӣ, ки барои обёрӣ кардани 1637 гектар замин пешбинӣ шудаанд, пурра ба мавсим омода мебошанд.
Иброз гардид, ки беҳтар гаштани навъи зироати кишоварзӣ ба тухмипарварӣ алоқамандии зиёд дорад. Сифатнокии тухмии зироат яке аз омилҳои муҳимтарини ҳосилнокӣ ба ҳисоб меравад. Иқлими Тоҷикистон ба тухмипарварӣ мусоид буда, бояд бозорҳои дохилӣ бо тухмиҳои хушсифати худӣ таъмин гарданд.
Соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 541 миллионну 831 ҳазор сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 111 фоизро ташкил дод.
Дар шаҳр заминҳои истифодаи кишоварзӣ 57 ҳазору 325 гектар буда, аз он 7 ҳазору 471 гектарро заминҳои корами обӣ, 4 ҳазору 419 гектарро заминҳои корами лалмӣ, 3 ҳазору 923 гектарро боғ, 3 ҳазору 566 гектарро токзор ва боқимондаро тутзор, ниҳолпарваришгоҳҳо, ва чарогоҳҳои тобистона ташкил медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






