Маркази рақамикунонии нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати технологии Чин «Inspur Group» ҳамкорӣ менамояд

Февраль 26, 2025 08:44

ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар тренинги байналмилалӣ оид ба технологияҳои рақамӣ, ки аз 16 то 26 феврали соли 2025 дар шаҳри Ҷинан- маркази маъмурии музофоти Шандуни Чин баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин барномаи  омӯзишӣ аз ҷониби ширкати «Ruiyu Haoxiang», ки ба технологияҳои иттилоотӣ тахассус дорад,  амалӣ шудааст. Дар доираи ин барнома табодули донишу малака ва таҷрибаи мутахассисони Чин дар соҳаи истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ амалӣ карда  мешавад.

Барои намояндагони Тоҷикистон шиносоӣ бо таҷрибаи рақамисозии соҳаи нақлиёт, аз ҷумла низомҳои  автоматикунонидаи идоракунии ҳаракати роҳ, интеллектуалии нақлиёт,  усули  мониторинг ва назорати нақлиёти автомобилӣ, бақайдгирии визуалии нуқсонҳои роҳ, инчунин раванди технологии истеҳсоли таҷҳизоти сервер, нигаҳдории маълумоти насли охирин ва ҳалли масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ҷолиб буд.

Дар доираи барномаи таълимӣ дар шаҳри Ҷинан  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ёқубзода бо  директори генералии ширкати байналмилалии «Inspur Group» хонум Тян Тян,  раиси ширкати «Xiniang ruiyuha oxiang» Ван Бэ Ван ва муовини директори генералии ширкати «Inspur Group» Лю Чао мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ барои эҷоди шабакаҳои электронӣ ва татбиқи онҳо дар раванди рақамисозии соҳаи нақлиёт, мусоидат ба баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатарии нақлиёт, инчунин беҳтар кардани шароити расонидани молҳо ва хизматрасониҳо баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Протоколи мулоқоти сеҷониба барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии соҳаи нақлиёт ба имзо расид. Дар асоси ин санад ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои тақвияти ҳамкории устувор ва муассир гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд.

 

Маълумот дар бораи «Inspur Group»:

Корпоратсияи «Inspur Group» яке аз ширкатҳои бузургтарини Чин дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ки таҷрибаи зиёда аз 30-солаи фаъолият дар таҳия ва татбиқи  лоиҳаҳои муосир  оид ба  «шаҳрҳои ҳушманд», инфрасохтори рақамӣ ва системаҳои нақлиётӣ дорад.

Тибқи арзёбии ширкати таҳлилии Gartner, «Inspur Group» аз рӯи  истеҳсоли серверҳо дар Чин дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор дорад. Ширкат муддати дароз асосан ба бозори дохилии Чин нигаронида шуда буд. Вале ҳоло IT-маҳсулоти  «Inspur Group» аллакай дар зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон истифода мешавад.

АКС: Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад