Намояндагони Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ғолиб гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои иштирокчиёни сеюмин Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» доир гардид. Озмуни мазкур дар Ҷумҳурии Беларус доир шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин омӯзгорон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд.
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 идома ёфта, дар он зиёда аз 900 нафар довталабон аз Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо иштирок карданд.
Бо роҳнамоии Идораи патентии Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар ҷавонони мамлакат дар озмуни мазкур иштирок карда, 4 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ғолибон бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадҷон Назаров сазовори ҷойи якум, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» Лола Иргашева сазовори ҷойи дуюм ва хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» Зарнигор Бадалзода лоиқи ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» Албина Бердникова дар номинатсияи «Беҳтарин мураббии эътирофшудаи миллӣ» ғолиб гардид.
Дар баробари ин, дар номинатсияи «Беҳтарин мактаби миллӣ» «Литсейи президентӣ барои хонадагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ба иштирокчиёне, ки сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






