НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҷавобгарӣ нисбат ба зӯроварӣ ба кӯдакон пурзӯр карда мешавад

Февраль 2, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак 8 муроҷиати хаттӣ ва 6 муроҷиати шифоҳӣ сабт шудааст. Зимни он шаҳрвандон бинобар эҳтимоли ҷой доштани зӯроварӣ ё таҳдид нисбат ба кӯдак муроҷиат кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2023 қариб 1,5 баробар зиёд аст. Дар ин хусус 27 январ сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои Суҳайлӣ Қодирӣ, ин муроҷиатҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои зӯроварӣ дар доираи оила вобастаанд, яъне кӯдак аз ҷониби падару модар, модар ё падар ва ё дигар намояндагоне, ки тарбияи кӯдак ба уҳдаи онҳо аст, мавриди зӯроварӣ қарор мегирад. «Аз 8 ҳолат дар ду ҳолати алоҳида бо мусоидати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо аъзои оила, масъулини мақомоти худидоракунии ҷамоату шаҳраку деҳот ва комиссияҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак машварат гузаронида шуда, ин ҳолатҳо бартараф карда шуданд. Нисбат ба 6 ҳолати алоҳидаи муроҷиатҳое,  ки ба Ваколатдор ворид шудаанд, санадҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии минбаъда фиристода шуданд»,-иброз намуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд ҳолати ба зӯроварӣ гирифтор шудани кӯдакон аз ҷониби калонсолон паҳн гардид. Дар робита ба ин Суҳайлӣ Қодирӣ иттилоъ дод, ки 8 навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар онҳо нисбат ба кӯдакон зӯроварӣ рух додааст,  2 ҳолати он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надошта, дар 2 ҳолати дигар зӯроварӣ барои сари вақт маблағ фиристодани волидони онҳо анҷом дода шудааст.

Бояд гуфт, ки марҳила ба марҳила қонунгузории мамлакат нисбат ба ин ҳолатҳо пурзӯр карда мешавад. Дар айни замон дар назди Прокуратураи генералӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки дар он намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок мекунад. Кори ин гурӯҳ ба он нигаронида шудааст, ки пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон пурзӯр карда шавад.

Ба иттилои Суҳайлӣ Қодирӣ, яке аз дасовардҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 он буд ки мо ба рӯйхати 67 давлати пешрафтаи дунё ворид гардидем, ки ба тариқи қонунгузорӣ ҷазои ҷисмониро нисбат ба кӯдакон манъ кардаем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд