НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст

Февраль 7, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз Тоҷикистон ба хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 600 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023  292 миллиону 400 ҳазор доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Директори агентӣ  иброз дошт, ки дар ин давра ҳам номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам мамлакатҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот карда мешавад, тамоюли рӯ ба афзоиш дошт. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023  6 давлат зиёд мебошад. Солҳои охир номгӯи содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба зиёда аз 500 номгӯй расида, ҳиссаи воридот дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад.

Соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ ба таври назаррас рушд ёфта, ба 8 миллиарду 955 миллион доллар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023  626 миллиону 100 ҳазор  доллар зиёд мебошад.

Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 1 миллиарду 543,5 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023  284 миллион доллар зиёд гардид.

Инчунин ба маблағи 56,7 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023  8,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ба маблағи 31,7 миллион доллар, 40,2 ҳазор тонна меваҷот ба маблағи 13,2 миллион доллар, 30,9 ҳазор тонна сабзавот ба маблағи 3,5 миллилон доллар ва 6,7 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 8,3 миллион доллар содирот шудааст.

«Агентии содирот бо хоҷагидорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти тару тоза ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк пайваста кор мебарад. Дар натиҷа содироти хушкмева соли 2024 нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 2,2 миллион доллар ё 7,3 фоиз зиёд гардид. Аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои захира, бандубаст, пешгирӣ аз талафёбӣ ва бо арзиши баланд ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот гардидани он бартарият дошта, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Агентии содирот соли 2024 харитаи содироти ҷумҳурӣ васеъ ва гуногуншаклии маҳсулоти ватании ба содирот нигаронида таъмин гардид», — гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид