НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 307 иншоот ба истифода дода мешавад
РАШТ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатиро ба нақша гирифтааст. Ба ҳолати якуми январи соли 2025 шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия ба 32 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023 ду коргоҳу корхона зиёд мебошад. Дар айни замон сохтмони 4 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, дар муҳлати наздик ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия 307 иншооти мухталиф бунёд ва ба истифода дода мешавад. То имрӯз 258 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки 84 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар иншооти боқимонда сохтмону навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия гуфта шуд, ки давоми солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 32 бинои наву замонавии таълимӣ ва 30 синфхонаи иловагӣ барои 9160 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. Ин биноҳо бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз 18 муассисаи таълимии дар биноҳои садамавӣ фаъолиятдошта, ба истиснои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Бароти Шарифии Ҷамоати деҳоти Ҷафр, ки сохтмони онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст, дар назди дигар муассисаҳои таълимӣ биноҳои наву замонавӣ сохта шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






