НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 13 ихтисоси нав таъсис дода шуд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2025/02/ZHilo-Gulnazarzoda-1.jpg)
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеа бахшидани фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҷалби бештари довталабон 13 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз, 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«13 ихтисос дар зинаи бакалавриат ва магистратура буда, аз ҷумла 6 ихтисос дар равияи омӯзгорӣ, 1 ихтисос дар равияи рӯзноманигорӣ ташкил шуда, 1 ихтисос тарҷумонӣ мебошад. Дар соли таҳсили 2025-2026 хоҳишмандон ба ин ихтисосҳо қабул карда мешаванд»,- иттилоъ дода шуд дар нишаст.
«Сабаби таъсис додани ин ихтисосҳо он аст, ки талабот ба забономӯзӣ зиёд шудааст. Аз он 6 забони ҷаҳоние, ки дар Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, ду забони он- забони испанӣ ва итолиёвӣ дар донишгоҳи мо омӯзонида намешуд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки омӯзиши ин забонҳоро низ дар донишгоҳ ба роҳ монем»,-иброз дошт Жило Гулназарзода.
Соли 2024 ҳамчунин бо ибтикори донишгоҳ таҳти унвони «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» доир гардид. Дар озмун донишҷӯён аз 26 мактаби олӣ дар равияҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва забони чинӣ иштирок намуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»