НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Мақомоти гумрук ба буҷети давлатӣ беш аз 9,7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд

Февраль 12, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2024 иттилоъ медиҳад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 12 феврал дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат дар соли 2024 иттилоъ дод, ки соли 2024 ба буҷети давлатӣ беш аз 9,7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид шуданд. Ин нисбат ба нақшаи тасдиқгардида беш аз 1,3 миллион сомонӣ ё 115 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда зиёда аз 617 миллион сомонӣ ё беш аз 106 фоиз зиёд мебошад.

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ соли 2024 ба маблағи 8 миллиарду 434 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале баъдан бо назардошти ворид намудани иловаҳо нақшаи аниқшуда 9 миллиарду 134 миллион сомониро ташкил дод.

Хуршед Каримзода гуфт, ки иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда /ААИ/ дар сатҳи беш аз 107 фоиз ё 528 миллион сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 102,7 фоиз ё 33,8 миллион сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 107,4 фоиз ё 13 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 103 фоиз ё 24,5 миллион сомонӣ ва воридоти ғайриандозӣ беш аз 149 фоиз ё дар ҳаҷми 70,1 миллион сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.

Ба андешаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд.

Хуршед Каримзода омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар маҷмуъ ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии соҳа ва дар ин раванд такмил додани низоми маъмурикунонии гумрукӣ рабт дод.

Инчунин гуфта шуд, ки қабулу татбиқи амалии «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар ин самт нақши муассир дорад.

Амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома ҳама самтҳои фаъолият, аз ҷумла такмил додани қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнуияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамкории байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, экспертиза ва таҳқиқот, такмил додани инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди низоми пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.

Татбиқи Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ», ки боиси гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии 11 мақомоти ба низом дохилшуда гардид, ба сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ мусоидат намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 330 истгоҳи базавӣ насб карда шуд
Ширкати «IRS» 38 пулро навсозӣ намуд
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон баргузор гардид
Вазорати нақлиёт дар ноҳияҳои Рӯдакию Восеъ ду ва дар Бадахшон сохтмони якчанд кӯпрукро ба нақша гирифтааст
Дар Душанбе оид ба масъалаҳои содагардонии расмиёти савдо ҷаласа доир мешавад
CASA-1000. Ин лоиҳа ҳамчун пули энергетикӣ барои ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ замина фароҳам меорад
Ба боғдорону соҳибкорон равандҳои ҳамлу нақл ва логистикаи содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳон омӯзонида шуд
Иштирокчиёни Форуми сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Қалъаи Хуҷандро тамошо намуданд
Тоҷикистон барои сохтмони марказҳои агрологистикӣ хостори ҷалби сармоя аз Арабистони Саудӣ мебошад
Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд
Дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории саноатӣ гардиданд